Загрузка

Новости

Конференция

27-02-2021

 

Рӯзи 27 феврали соли 2021 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, ки дар доираи лоиҳаи  рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории гранти бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст,  баргузор гардид.

1.Роҳҳои баланд бардоштани ҷалби  духтарон ба ихтисосҳои техникию технологӣ

2.Мавқеи зан дар ҷомеа

3.Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии таҳсили духтарон дар таълимгоҳҳои олӣ

4.Нақши таҳсили духтарон аз рӯи квотаи Президентӣ дар тайёр намудани мутхассисосни ҷавондухтарон

дар маҳаллҳо

5. Баробарии гендерӣ

Ба конференсия зиёда аз 52 мақолаҳои илмӣ аз мактабҳои олии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуда дар он чунин масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд:

Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур оғоз бахшида, оид ба сиёсати иҷтимоии Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, барномаҳо ва қарорҳо  нисбати дастгирии занон маълумоти кӯтоҳ пешниҳод намуданд.

Кайд карда шуд, ки дар ин раванд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон ва рақобаипазирии онҳо дар бозори меҳнат”- ро амалӣ намуда истода, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зисти донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ як  қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Ҳамоҳангсози “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ”Саидзода Ҳалим Азиз бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба мақсадҳои амалисозии “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва ба талаюотҳи бозори меҳнат мувофиқгардонии хатмкунандагони таълимгоҳҳои олии кишвар маълумоти мухтасар доданд.

Сипас, менеҷери лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат” Юсупов М.Ч. оид ба натиҷаҳои ба дастомада дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки амалишавии лоиҳа аз рӯйи нақшаи ба роҳ монда шуда, дар ин муддат якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Назад к списку